Дар аввали солҳои 2000-ум дар бозори Тоҷикистон ду нӯшокии беназир — Royal Crown Draft Cola ва RC Cherry Cola, ки аз ҷониби ширкати «Оби Зулол» истеҳсол мешуданд, зуд пайдо шуданд. Онҳо ба туфайли мазаи аслӣ ва сифати баланд зуд дилҳои истеъмолкунандагонро забт карданд ва ба афсонаҳои воқеии замони худ табдил ёфтанд. Акнун, пас аз солҳои зиёд, ба ифтихори 120-солагии бренди RC Cola ва 25-солагии худ, ширкати «Оби Зулол» бо ифтихор дар бораи бозгашти ин нӯшокиҳои эҷодӣ дар силсилаи маҳдуд эълон мекунад.

Мазае, ки замон санҷидааст

Royal Crown Draft Cola чизе бештар аз як нӯшокии тароватбахш аст. Ин нӯшокие бо хислат аст, ки дар ҳар шиша он классикаи ҳақиқӣ ниҳон аст. Мазаи мулоим, вале пурмағзи он — ҳамоҳангии карамели табиӣ, ҳаварҷоти сабук ва газдории бардамкунанда, ки ҳатто дар рӯзи гарм қувват ва тароват мебахшад. Ин мазаест, ки мехоҳед боз ва боз ба он баргардед — он на танҳо ташнагиро мешиканад, балки рӯҳияро баланд мебардорад.

Royal Crown Draft Cola дар бар — мазае, ки замон санҷидааст
Royal Crown Draft Cola — рецептура, ки аз соли 1905 тағйирнопазир аст.

RC Cherry Cola — симфонияи ҳақиқии мазза. Дурахшон, пурмағз ва ҷасур, он ширинии гелоси пухтаро бо тундии наҷиби колаи классикӣ муттаҳид мекунад. Нӯшокӣ бӯи бой ва таъми боқимондаи бисёрқабата дорад, ки тадриҷан кушода мешавад ва изи хушоянди гелосиро мегузорад. Чунин мазза ностолгияро бедор мекунад, аз ҷуроби аввал дил мебарад ва то абад дар хотир мемонад.

RC Cherry Cola — ҳамон гелос
RC Cherry Cola: ширинии гелос ва тундии колаи классикӣ.

Бозгашт бо хоҳиши истеъмолкунандагон

Бо мурури замон маззаҳои ҳақиқӣ як қисми хотираҳо, рамзи давра ва унсури таърихи шахсӣ мегарданд. Маҳз ҳамин тавр бо RC Draft Cola ва RC Cherry Cola воқеъ шуд. Бо вуҷуди он ки истеҳсоли ин нӯшокиҳо боздошта шуда буд, шавқ ба онҳо фурӯ нанишаст. Баръакс, бо ҳар сол ширкати «Оби Зулол» садҳо нома ва паём бо хоҳиши бозгашти нӯшокиҳои дӯстдошта мегирифт.

Ин на танҳо бозгашти мазза, балки имконияти аз нав зинда кардани лаҳзаҳои дурахшони гузашта ва мубодилаи ин эҳсосот бо насли нав аст.

Ин муҳаббат ва садоқати самимӣ брендро ба қадами хос илҳом бахшид. Ба ифтихори ҷашн ширкати «Оби Зулол» силсилаи маҳдуди нӯшокиҳои афсонавиро мебарорад ва бо ин эҳтиром ва миннатдории худро ба ҳамаи онҳое, ки дар давоми солҳои зиёд ӯро дастгирӣ мекарданд, ифода мекунад.

Аз даст надиҳед — афсонаро бичашед

Партияи маҳдуди нӯшокиҳо аллакай дар нуқтаҳои савдо дастрас аст. Ин фурсати беназирест, ки дар фазои аввали солҳои 2000-ум ғарқ шавед ва худ ва наздиконатонро бо мазаи шинос ва дӯстдошта хушнуд гардонед.

RC Draft Cola ва Cherry Cola аз «Оби Зулол» — мазаи афсонавие, ки бармегардад, то боз дилҳоро забт кунад!

Ҳамаи ахбор